Положение
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
- Низомномаи мазкур ҳадаф, вазифаҳо ва уҳдадориҳои асосии кумитаи соҳавиро дар бахши саноати сабук (нассоҷӣ) (минбаъд – Кумита) муайян менамояд.
- Кумита мақоми олии мусоидаткунандаи машваратӣ дар соҳаи рушди малакаҳои соҳавӣ дар таҳсилоти касбии техникӣ ва рушди қувваҳои корӣ, захираҳои инсонӣ ва меҳнатии бозори меҳнат таҳти ҳамоҳангсозии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
- Кумита фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъди муассисаи олии таълимӣ”, “Дар бораи таҳсилоти калонсолон”, “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат”, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд – СМР-2030), Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст ва низомномаи мазкур амалӣ менамояд.
- Ҳадафи асосии фаъолияти Кумита мусоидат намудан дар идоракунии таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш дар сатҳи бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ва саноат, алалхусус ҳалли масъалаҳои эҳтиёҷоти бозори меҳнат дар бахшҳои иқтисодиёт, таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили механизми ташкилӣ- ҳуқуқии низоми миллии тахассусҳо тавассути муайян намудани самтҳои ояндадори рушди фаъолияти меҳнатӣ дар соҳаи афзалиятноки иқтисодиёт мебошад. Инчунин, Кумита дар таъмини ҳамкории байни бозори меҳнат ва низоми маориф ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар таҳияи стандартҳои салоҳият касб, тартиби баҳодиҳии салоҳият, таснифоти тахассусҳои соҳавӣ ва рушди низоми иттилоотии бозори меҳнат мусоидат хоҳад намуд.
- Кумита шахси ҳуқуқӣ набуда, фаъолияти худро дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, худидоракунӣ, қабули қарорҳои мустақил дар доираи салоҳияти худ амалӣ менамояд.
- Фаъолияти ташкилию техникӣ ва иттилоотии Кумита дар якҷоягӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат амалӣ мегардад.
- Дар кори Кумита бо ҳуқуқи машваратӣ инчунин метавонанд намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва созмонҳое, ки дар соҳаи рушди соҳаи таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш фаъолият доранд, иштирок намоянд.
ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ КУМИТА
8. Дар асоси мақсади асосии фаъолият, вазифаҳои асосии Кумита аз инҳо иборатанд:
-
- муайянсозии самтҳои афзалиятноки рушди соҳа;
- мусоидат дар муайянсозии талабот ба кадрҳои коргарии соҳа;
- мусоидат дар татбиқи методологияи таълим дар асоси салоҳият;
- иштирок дар раванди таҳияи таснифоти тахассусҳои соҳавӣ, тартиби баҳодиҳии салоҳият, стандартҳои салоҳияти ҳар як касб, барномаҳои таълимии модулӣ ва воситаҳои баҳодиҳӣ, инчунин иштирок дар рушди низоми иттилоотии бозори меҳнат;
- пешниҳоди дархост оид ба зарурати таҳияи стандартҳои салоҳияти касбҳои алоҳида;
- бастани созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ бо муассисаҳои тайёр намудани мутахассисон барои ташкили таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисос;
- иштирок дар арзёбии сифати тайёр намудани мутахассисон;
- таъмини мутахассисони дахлдор барои таҳлили касб, муайянсозии салоҳиятҳо ва тахассуси касбӣ барои татбиқи стандартҳои салоҳият ва гузаронидани баҳодиҳӣ дар асоси стандартҳо;
- таъмини ҳамкории мутақобилаи мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш;
- таҳияи пешниҳодҳо оид ба амалигардонии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш, ҷалби сармоягузорӣ ва истифодаи самараноки иқтидори соҳаи таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташкили мониторинг ва арзёбии ҳолати рушди соҳаи таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳалли дигар масъалаҳои марбут ба таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Вазифаҳои мушаххаси Кумита:
-
- мусоидат дар таҳияи харитаҳои функсионалии касбҳои интихобшудаи соҳа;
- мусоидат дар ҷалби мутахассисон – коршиносони соҳавӣ ба раванди таҳияи стандартҳои салоҳият, барномаҳои таълимии модулӣ ва воситаҳои баҳодиҳӣ;
- ташхиси (экспертизаи) маводи таҳияшаванда ва пешниҳоди хулоса оид ба онҳо;
- иштирок дар семинару омӯзишҳо роҷеъ ба рушди малакаҳо ва омодасозии кадрҳои коргарӣ;
- ҷалби мутахассисон ва коршиносони соҳавӣ ба раванди омӯзиш;
- мусоидат дар ташкили таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва омӯзиш дар ҷойи кор барои таълимгирандагон;
- ҷамъоварӣ ва пешниҳоди маълумот аз дигар сарчашмаҳо оид баталаботу пешниҳодот ба қувваҳои корӣ;
- мусоидат дар омодазосии баҳодиҳандагони мустақил дар доираи методологияи таълим дар асоси салоҳият (ТАС) аз ҳисоби мутахассисони соҳа;
- иштирок дар раванди баҳодиҳии малакаҳои бадастовардаи таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ;
- мусоидат дар бокортаъминкунии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии соҳавӣ;
- тарғиби дастовардҳо оид ба ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ дар омодасозии мутахассисони рақобатпазир миёни ҷонибҳои манфиатдор;
- ҳавасманд гардонидани ҷонибҳои манфиатдор ба ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва раванди омодасозии мутахассисони рақобатпазир.
3. СОХТОРИ КУМИТА
-
- Кумита дар ҳайати раис, муовин, котиб ва аъзоён таъсис дода мешавад.
- Ҳайати Кумита ва теъдоди аъзоёни он дар мувофика бо вазорату идораҳои соҳавӣ муайян ва бо фармоиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳуруии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
- Шахси муҳим аз соҳа метавонад ба ҳайси раиси Кумита таъйин карда шавад
- Муовини раиси кумита ва котиб аз ҳисоби аъзои Кумита интихоб ва таъйин карда мешаванд.
4. РАИСИ КУМИТА
- Ваколатҳои раиси Кумита:
-
- пешбурди фаъолияти Кумита;
- тасдиқи рӯзномаи ҷаласаҳои Кумита;
- даъват ва гузаронидани ҷаласаҳои Кумита;
- тасдиқи нақшаи кории Кумита;
- ҷалб намудани мутахассисон ва мушовирони соҳавӣ ба кори Кумита;
- намояндагӣ ва муаррифӣ намудани Кумита зимни ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ба салоҳиятнокӣ;
- шунидани ҳисоботи аъзои Кумита ва дигар ҷонибҳои манфиатдор аз натиҷаи тадбирҳои андешида ва вазъияти ҷорӣ вобаста ба ҷараёни амалигардонии нақшаи кории Кумита, стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳои соҳавӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қарорҳои Кумита;
- вобаста ба зарурат иштирок намудан дар ҷаласаҳои дигар кумита бо мақсади табодули таҷриба ва маълумот;
- иҷрои ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
МУОВИНИ РАИСИ КУМИТА
- Муовини раиси Кумита:
- дар мавриди набудани раис маҷлиси кумитаро раисӣ менамояд;
- дар ташкили кори Кумита ва омода намудани нақшаи кори он иштирок менамояд;
- иҷрои дигар супоришҳои раиси кумитаро таъмин менамояд;
- ҷараёни иҷрои қарорҳои роҳбар ва нақшаи кори кумитаро назорат менамояд.
КОТИБОТИ КУМИТА
- Барои ҳалли масъалаҳои ҷории фаъолияти кумита Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон котиби кумитаро интихоб мекунад.
- Ваколатҳои котиби Кумита:
- пешниҳоди масъалаҳо барои баррасӣ дар маҷлисҳои Кумита;
- баррасии масъалаҳои вобаста ба амалигардонии қарорҳои Кумита;
- назорати ҷараёни иҷрои қарорҳои роҳбар ва нақшаҳои кори Кумита;
- огаҳ намудани аъзои Кумита оид ба рӯзномаи ҷаласа, вақт ва макони баргузории ҷаласа на дертар аз даҳ рӯзи корӣ то баргузории ҷаласа;
- ташкил ва ҳамоҳангсозӣ намудани фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ва корштносон;
- омода намудани маълумот оид ба натиҷаҳои мониторинг ва арзёбии ҳолати татбиқи рушди соҳаи таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иҷрои дигар супоришҳои роҳбари Кумита.
- Карорҳои Кумита дар шакли протокол ба расмият дароварда мешавад ва ҷониби раис ва котиби Кумита имзо карда шуда, ба аъзои Кумита дастрас карда мешавад.
АЪЗОИ КУМИТА
- Аъзои Кумита иборат аст аз намояндагони:
- вазорату идораҳои соҳавӣ;
- иттифоқҳои касаба;
- корфармоён;
- ассотсиатсияҳои соҳавӣ;
- муассисаҳои тайёр намудани мутахассисон (литсей, коллеҷ,
донишкада ва донишгоҳ);
- мақомоти батанзимдарорандаи соҳавӣ;
- дигар ҷонибҳои манфиатдор.
- Ваколатҳои аъзои Кумита:
- иштироки фаъол дар ҷаласаҳои Кумита;
- иҷрои саривақтии Нақшаи кори Кумита ва вазифаҳои аз ҷониби роҳбар гузошташуда;
- омода намудани гузориш мутобиқи нақшаи кори Кумита оид ба фаъолияти муассисаҳое, ки онҳо намояндагӣ мекунанд;
- пешниҳоди таклифҳои мушаххас барои ворид намудан ба Нақшаи кори Кумита;
- ҳимояи манфиатҳои мушаххаси Кумита ва аъзои он дар муносибат бо дигар мақомот;
- баррасии масъалаҳои марбут;
- иҷрои дигар супоришҳои роҳбари Кумита.
- Тартиби аъзогӣ дар Кумита:
- ба ҳайати аввалияи Кумита шахсоне, ки дар Гурӯҳи бисёрҷонибаи мақсаднок ҷалб гардида буданд ва бо мактуби расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, шомил карда мешаванд;
- муассисаҳо ва ё ташкилотҳое, ки хоҳиши шомил шудан ба кумитаро
дошта бошанд, ба роҳбарияти Кумита дархости расмӣ бояд ирсол намоянд. Раиси кумита дар якҷоягӣ бо аъзои Кумита дархостро баррасӣ намуда, дар давоми 15 рӯзи корӣ хулосаи худро ба дархосткунанда ирсол хоҳанд намуд;
- дар сурати такроран ва ё баркасдона риоя накардан ё ҷиддан вайрон кардани коидаҳои аъзогӣ ва карорҳои Кумитаи соҳавӣ, узвияти дар Кумита бозхонд ё катъ карда мешавад;
- Аъзои Кумита метавонанд дар асоси аризаи хаттӣ ва узрнок аъзогии худро катъ намоянд;
- ^ар як муассиса-ташкилоти аъзо намояндаи доимӣ ва як намояндаи
ивазкунандаро бо ҳукуқи овоздиҳӣ дар ғоибии аъзо таъйин мекунад. Муҳлати ваколати намояндагон ва намояндаи ивазкунандаи онҳо чор сол буда, муҳлати он тамдид карда мешавад. Намояндагони доимӣ ва намояндаи ивазкунанда метавонанд дар ҳар вакт аз ҷониби ташкилоте, ки пешбарӣ гардидаанд, бо додани ваколати нав ба онҳо иваз карда шаванд. Шахсони навтаъйин ваколати аъзои каблии худро идома хоҳанд дод.
- ТАШКИЛИ КОРИ КУМИТА
- Кумита кори худро дар асоси Нақшаи кори солонаи тасдиқгардида, ки дар асоси таклифу пешниҳодоти аъзои кумита тартиб дода шудааст, амалӣ менамояд.
- Ҷаласаҳои Кумита тибқи Нақшаи тасдиқшуда на камтар аз ду маротиба дар як сол гузаронида мешаванд. Дар ҳолати зарурӣ ҷаласаи ғайринавбатӣ гузаронида мешавад.
- Ҷаласаҳои Кумита дар сурати ширкат доштани на камтар аз се як ҳиссаи ҳайати он эътибор пайдо мекунанд.
- Қарорҳои Кумита оид ба масъалаҳои баррасишаванда бо аксарияти овозҳо аз шумораи ҳайати иштироккунанда дар шакли протокол қабул карда мешаванд.
- Қарорҳои Кумита хусусияти тавсиявӣ дошта, ба вазорату идораҳои соҳавӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо пешниҳод мешаванд.
- МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
- Муайнсозии унсураои Кумита – бланка, логотип, мӯҳр аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи меҳнат амалӣ карда мешавад.
- Хама гуна тағйирот ба Низомнома дар мувофика бо макоми ваколатдор дар соааи меанат ворид карда шуда, пас аз тасдиқи расм!, эътибор пайдо хоҳад намуд.